Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Ассалом. Ҳамин як чиз фаҳмидам, хостам. Ин нағмаи нав баромадаст? Барои загранпаспорт гири несовершеннолетних оказывается доверенность родителей нужно, ҳаминхел аст? Падару модар даже катиш бошадам, барои чи доверенность мепурсад?

 

Ассалом. Талаб намудани розигии хаттии нотариалӣ тибқи банди 17 “Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сурат мегирад. Қоидаҳои мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020  таҳти №294 тасдиқ карда шудааст. 

Банди 17. Барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди то 16-сола дар асоси ризоияти хаттии дар нотариат ё муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшудаи падар ё модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда анҷом дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар, инчунин дар ҳолати норозигии падар, модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда барон додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди то 16-сола, масъала бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2020 № 687).

Дар инҷо сухан дар бораи розигии хаттии нотариалӣ меравад, на дар бораи ваколатнома аз як волидайн ба волидайни дигар. Шояд, ки шумо розигии хаттии нотариалиро ҳамчун ваколатнома фаҳмида бошед. 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.