Ассалом, дар қонунгузори амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас оиди ин масъала, яъне шахсони то 18 сола нарасида ба масҷид рафтан манъ мебошад, гуфта нашудааст. Лекин дар амал дар ин ҳолат волидайни кудакро тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ огоҳӣ ё ҷарима менамояд.
Барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, инчунин шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад,иҷро накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон ҳангоми набудани аломати ҷиноят,
– огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
*Айни ҳол як нишондиҳанда баробар ба 68 сомонӣ мебошад.