Ассалом, тартиби ба қайд гирифтани шахсони бо ВНМО зиндагикунада тибқи ҳуҷҷатҳои дохилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ҶТ сурат мегирад. Ҳуҷҷати мазкур на ба ҳама дастрас аст. Шумо метонед ба рақами мазкур занг зада маълумоти пурраро гиред +992900094050. Ин шахс корманди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и Ҷумҳурӣ мебошад. Бо шахси мазкур метонед ба воситаи WhatsAap низ тамос гиред.
1) Ошкор намудани маълумот оид ба беморӣ ё дигар натиҷаҳои таҳқиқи тиббии бемор аз ҷониби корманди соҳаи тиб, дорусозӣ ё дигар корманд бидуни зарурати касбӣ ё хизматӣ,
Моддаи 145 Ошкор намудани сирри тиббӣ.
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки дар фош кардани маълумот оид ба гирифтории шахс ба бемории вируси норасоии масунияти одам ифода меёбад.
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.
Яъне, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки маълумот оиди ВНМО-и шахс ба дигарон расонад, агар зарурати касбӣ ё хизматӣ набошад.