Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Фарзанди маюб дорам чи тавр нафака тугри кунам паликлиника рафтам 300с талаб кардан ва караболо рои кардан хама когазош дар дастам фарзанд маюб чашмаш намебинад рох намегардад намешинад камисия дар кужо мегузорад ва чи тавр тугри мекунанд

Ассалом. Барои гирифтани нафақа ба кудаки, ки ба гуруҳӣ маъюбият дохил мешавад якумин ба маркази саломати (поликлиника)-и ҷойи истиқомат муроҷиат кард. Намояндаи маркази саломатӣ кудакро дида хулосаи худро пешниҳод мекунад. Баъдан хуҷҷатҳои лозимаи, ки аз тарафи маркази саломатӣ медиҳад, гирифта ба аъзоёни комссияи, ки маъюбиятиро муқаррар мекунад пешниҳод кунед. Комиссияи мазкур дар як моҳ 3-4 бор ҷамъ мешавад ва аризаҳоро оиди маъюбият дида мебарояд. Албатта дар таҷриба шахс ба душвориҳо дучор мешавад ва бо ҳамин сабаб ба шумо пешниҳод менамоям, ки ба намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони маъюбиятдошта “Ноил” муроҷиат кунед. Ташкилоти мазкур ба шахсони, ки имконияташон маҳдуд (маъюб) мебошанд ёрӣ медиҳад. Рақами телефони намояндаи ташкилот: +992 934323224


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.