Ассалом. Дар моддаи 73 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" асосҳо барои ворид намудани ислоҳ, тағйирот, иловаҳо ва қайдҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нишон дода шудааст. Шумо метавонед ба бахши САҲШ (ЗАГС)-и ҷойи истиқомат бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷой доштани асосҳо барои ворид намудани ислоҳ, тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (шаҳодатномаи таваллуд) пешниҳод кунед. Агар дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълумоти нодуруст ё нопурра қайд шуда ва инчунин ба хатогиҳои имлои роҳ дода шуда бошад, хулоса дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиб дода мешавад ва дар асоси ин хулоса ба сабти аснод ислоҳ, тағйирот ва илова ворид карда шуда шаҳодатномаи нави аснод дода мешавад. Дар ин ҳолат фақат дар банди насаб, ном ва номи падарии модаратон ислоҳ ворид карда мешавад. Яъне, ному насаби шумо “Зода” намешавад.
Дар амал чунин ҳолатҳо пайдо мешавад, ки кормандони САҲШ (ЗАГС) дар вақти ислоҳ намудани хатогиҳо дар сабти асноди шаҳрвандӣ насаби шаҳрвандро “Зода” кунад, аммо чунин амал бар хилофи қонуни мазкур аст.