Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
Модар
10.07.2023
Асалом саволи ман ба ҳуқуқшинос . Ман як модари танҳо буда соҳиби се духтар мебошам. Ман ҳамаи тарҷумаи ҳоли худро наменависам. фақат мақсади асосиро шарҳ медиҳам. Муҳтарам ҳуқуқшинос як духтари ман бемории силро аз сар гузаронд. баъд аз табобати сили ҳасос баъд аз чанд сол боз табобати сили устуворро гирифт. Саломатиаш на он қадар хуб буд. ман ҳама вақт уро эҳтиёт мекардам. У худро камтар нағз ҳис кард. Ба духтарам хостгорҳо бисёр меомаданд аммо ман рози намешудам чунки у солим набуд. Шахсе бо занаш 7 сол зиндаги карда соҳиби арзанд нашудааст бо духтари ман оила барпо карданд. зани дуюм. Онҳо дар давоми зиндагиашон соҳиби як фарзанд Бобохонзода Маъруф соли таваллудаш 07.03.2018. шуданд. Аммо эшон аз оилаи пештара тарсида зану фарзандашро соҳиби накард. Хулоса духтари ман Бобохонова Бибиробия 20 ноябри соли 2020 аз дунё гузашт. писараш дувуним сола монд.Ҳоло у панҷ сола шуд. Падараш тамоман суроғ намекунад. Як сол шуд ман тамоми ҳукумату ҷамоатҳо муроҷиат мекунам ҳеҷ кас ба ман ёри намерасонанд. Ман мехоҳам кудакро ба васи парастори гирам. Ҷамоат ҳукумат равон мекунад ҳукумат сабес равон мекунад ягон ҳуҷати ман ҳали худро намеёбад. Падари кудак дар федерасияи русия буда бо тариқи мобили забонхат равон кард ки ман розиям кудак бо бибияш монад. Забонхатро ҳам ба назар намегиранд. Ман мехоҳам ҳамин кудак ба васи парастории ман гузаронда шавад . Ман нафақагир маюби сеюм мебошам . ақалан кудакро ба нафақаи ман қуш мекарданд. Мехоҳам кудак ба воя расид соҳиби хонаи ман шавад . Дар куча намонад. Кудак ҳарчанд ним ятим бошад ҳам падарашро тамоман надидааст намешносад ба монанди кули ятим аст. Аз шумо хоҳиш мекунам ман чи кунам куҷо равам то ки кудак то ба воя расидан азоб накашад. Ҳато модараш 100 сомон нафақа мегирифт ақалан нафақаи модарашро ҳам ба назгаронданд. Кудак маро модар мегуяд чунки у модарашро ба ёд оварда наметонад. Илтимос ба ман роҳ нишон диҳед . (8)
Ассалом.
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки барои қабул намудан ба парасторӣ ба шуъбаи васояту пасрастории ҳукумати ноҳия муроҷиат (ариза) намоед. Шуъбаи мазкур наметавонад, бе асос муроҷиати шуморо рад кунад. Муроҷиати шумо бояд расмӣ бошад. Дар вақти муроҷиат чунин ҳуҷҷатҳоро бояд пешниҳод намуд.
- Шаҳодатномаи таваллуди кудак (Бобохонзода Маъруф)
- Нусхаи шиносномаи духтаратон (Бобохонова Бибиробия)
- Шаҳодатномаи хати вафот (Бобохонова Бибиробия)
- Шиносномаи шумо
- Маълумотномаи аз ҷойи истиқомат, ки шумо бо набераатон (Бобохонзода Маъруф) бо ҳам зиндагӣ мекунед.
- Ариза (намунаи ариза бояд дар шуъбаи васояту парасторӣ дошта бошад).
Бо сабаби, ки нисбати кудак муқаррар намудани падарӣ нашудааст, розигии падараш барои васояту парасторӣ лозим нест.
Бо эҳтиром, Меҳридин.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо