Ассалом. Тибқи моддаи 13 Кодекси оилаи ҶТ синни никоҳӣ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда шудааст. Дар ҳолатҳои истисноӣ масалан, бемор будани аъзои оилаи наздик ва ғайра суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад.
Ариза оиди масъалаи мазкур, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад.
Бо эҳтиром,
Меҳридин Холмурзаев.