Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
Мирзо
07.09.2022
Салом! Ман 4 сол мешавад, ки бо ҳамсарам ҷудо шудам. Муддати 4 сол саривақт алимент месупорам. Ин зан маскун дар хонаи ман зиндагӣ мекунад. Айни ҳол ман дар ФР мебошам ва ҳоло дар ҷустуҷӯи кор ҳастам. Оё ин зан ҳақ дорад миқдори алиментро баланд кунад бе ҳузури ман?
Салом.
Дар ин маврид суд бояд тибқи талаботи моддаи 81 КО ҶТ таваҷҷуҳи тарафҳоро ба инобат гирифта, ҳаҷми алиментро зиёд ё кам намояд. Дар ҳолати шумо бояд даъво қисман қонеъ карда шавад.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо