Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
Cумбатой
17.02.2022
Ассалому алайкум. Ман аз соли 1995 то соли 2018 дар беморхона ҳамчун ҳамшираи калон дар шӯъбаи қабулгоҳ кор ва фаъолият кардам. Соли 2017 2 юми август дар ҷои кор бемор шудам. Маро аз ҷои кор ба беморхонаи маҳаллӣ ва баъд ба беморхонаи Мачитон равон карданд. Ман ду сол аз бемории сили шакли мутобиқгашта табобат гирифтам. Дар давоми табобат чун маъюби гурӯҳи ду нафақа мегирифтам. Ҳоло маъюби гурӯҳи се ҳастам ва нафақа мегирам. баъди ба охир расонидани табобат маро ба шӯъбаи ДОТС боз ба кор қабул карданд. Лекин ба ҷои кори дигар гузаштам ва аз он ҷо ҳисобӣ накардам. Баъд аз чор моҳ духтари ман(соли таваллудаш 1990) бо бемории сили шакли мутобиқгашта аз олам гузашт ва кӯдаки дувунимсолааш дар дасти ман монд. Духтарам модари танҳо буд ва бо ман зиндагӣ мекард. Бо сабаби зарурати нигоҳубин ба кӯдак ман аз шӯъбаи ДОТС аз кор рафтам. Дар дафтарчаи меҳнатиам аз шӯъбаи қаблу соли ба кор омаданм ва фармонаш ҳаст, аммо соли аз кор рафтан ва фармони аз кор рафтанам нест. Ҳоло нафақаи маро кам карданд. Барои барқарор кардани нафақа раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ розигӣ доданд, аммо дар беморхона ба дафтарчаи ман мӯҳри фармони аз кор озод шуданамро намегузоранд. Зеро сардухтур ва сардори шӯъбаи кадрҳо иваз шудаанд ва онҳо мегӯянд, ки маро намешиносанд. чанд моҳ инҷониб мушкилотам ҳал намешавад. Ман чӣ гуна бояд ҳуқуқи худро ҳимоя кунам? Ба ман машварат диҳед.
Ассалому алайкум,
Мизоҷи мӯҳтарам, ба маълумоти Шумо мерасонам, ки агар фармони қабул барои кор бошад ва корманд аз кор озод шуда бошад, бояд ҳатман фармони роҳбари муассиса қабул гардида бошад. Дар асоси фармон тибқи талаботи коргузории муасиссаҳо кормандро қабул ва озод мекунанд. Агар коргузори ин муассиса инро фаҳмидан нахоҳад, бо ариза ба унвони прокуратураи маҳалли истиқомататон метавонед муроҷиат кард, ё ин ки раёсати тандурустӣ ва ё шуъбаи тандурустӣ муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром,
Мадина Низомова
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо