Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Салом. Ман ҳамроҳи шавҳарам қариби 2 сол зиндагӣ карда, соҳиби 2 фарзанд шудам. Вале акаю янгаю падараш маро ба шавҳарам туҳмат карданд. Падараш бошад, доимо Маро дашном медиҳад. Ҳозир акнун бошад, "боратро аз хонаам гир" мегӯяд. Дар хонаашон аммаи чҷдо шуда омадагӣ бе фарзанд ва духтари бозгашт омадагӣ ҳамроҳи фарзандаш ҳаст. Сабаби Маро пеш кардани хусурам Маро бад медидаст. Вале ба ҳама Маро туҳмат кардос, чӣ кор кунам?

Салом.

Хохари азиз дар мавриде, ки дигар азоёни оилаи шавҳар шуморо қабул накарданд ва намехоҳанд, ки шумо дар он ҷо зиндагӣ намоед, ин сабаби ҷудо шудан ё худ пош хӯрдани оилаатон шуда наметавонад. Агар шавҳари шумо бо шумо зиндагӣ кардан хоҳад, шумо метавонед дар якҷоягй барои аъзои оилаи молик шудан даъво намоед, то ки суд даъвои шуморо асоснок намояд ва шумо соҳиби ҷои зист мешавед.

Бо эҳтиром, 

Мадина Низомова.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.