Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
Анвар
21.10.2021
Салом
МАН мудати 10 сол мешавад, ки аз якум занам бо қарори суд ҷудо шудем. Бади карори суд боз алимент 10 алимент месупорам солеки чудо шудем аз хамонсол 2011 боз маскун кардан. дар мудати дах солдат шавхар карду хозир соли 2021 боз даъвои маскункарданрро дорад. Дар дасти ман ягон қарори суд нест, чӣ кор кунам? Илтимос ҷавоб диҳед раҳмат.;
Салом.
Аз саволи шумо бар меояд, ки шумо 11-сол пеш ҷудо шудед ва ҳамсари шумо мехоҳад маскун шавад. Бояд қайд кард, ки дар қонунгузорӣ муҳлати даъво ҳаст ва муҳлати даъвои гражданӣ ин се сол дарҷ шудааст, аллакай муҳлати даъво гузаштаст. Ҳамсари шумо аллакай муҳлатро гузарондаст.
Бо эҳтиром,
Мадина Низомова.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо