Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Салом. Оё барои шаҳсони гирифтори ВНМО ва гепатит С нафақа ё ин ки кумакпули дода мешавад?

Салом!

Қонунгузории алоҳидае, ки барои шахсони гирифтори ВНМО ва Гепатит махсусан нафақаи маъюбиро пешбинӣ менамояд мавҷуд нест. Умуман шахсоне, ки гирифтори ВНМО ва Гепатит мебошанд статуси маъюбиро қабул намекунанд. Қонунгузорӣ танҳо барои кӯдаконе, ки гирифтори ВНМО мебошанд, кӯмакпулӣ таъин кардаанд. Мутобиқи банди 4 моддаи 167 Кодекси тандурустии ҶТ, барои кӯдакони то 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам(ВНМО)   ва бемории пайдошудаи норасоии масуният(БПНМ) мебошанд, кумакпулии ҳармоҳа таъйин карда мешавад. Додани кӯмакпулӣ ба кӯдакони то 16сола, ки ВНМО/БПНМ гирифторанд, ҳатмӣ мебошад. Инчунин мутобиқи моддаи 163 Кодекси тандурустии ҶТ шахсони ги рифтори ВНМО ҳуқуқи гирифтани маводи ивазкунандаи шири модарро бароикўдаконе, ки аз модарони вируси норасоии масунияти одам сироятёфта таваллуд шудаанд, аз лаҳзаи таваллуд то пурра муқаррар шудани ташхиси кўдак оид ба мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам, бо мақсади минбаъд паст намудани хатари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам доранд.

Бо эҳтиром,

Хоҷиматова Нигина

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.