Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Салом! Ман аз оилаам ҷудо шудам ва соҳиби як писар ҳастам. Дар давоми зиндагиамон тамоми хислатҳои зан намоён шуд. Аз рузҳои авал мо соз нагирифтем хатто нохурмати ва нописандиаш ба тамоми аъзои оила буд. Хатто ба суихушдоманаш суханхои баланду паст мезад, аз ин сабабҳо ман чавобашро додам. Пас аз ҷудошави у талаби маскун кардан дорад. Агар у ба ин хона биёяд тарики маскун, у бо мо соз намегирад ва харуз мисли пешина чангу ҷуш мешавем. Хулоса, пеши роҳи маскуни уро чи гуна бигирем тибки конун? Хаст роҳҳое, ки маскунро рад кунад??? Сипосгузорам!

Салом!               

Тибқи талаботи моддаи 122 Кодекси Манзили ҶТ аъзои оилаи молик, ки дар бинои истиқоматиаш (квартирааш) ҷой дода шудаанд, ҳақ доранд баробари ӯ аз манзили истиқоматии бино, агар ҳангоми ҷойгир шудан тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, истифода баранд. Онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар хонаи барояшон ҷудонамудаи молик фарзандони ноболиғи худро ҷой диҳанд. Ҷойгир кардани дигар аъзоёни оилаи онҳо танҳо бо розигии молик имконпазир аст. Ин ашхос ҳуқуқи истифодаи хонаро дар мавриди қатъ гардидани муносибати оилавӣ бо молик низ нигоҳ дошта, вале ӯҳдадоранд хароҷоти нигоҳдошти бино (квартира), рӯи ҳавлӣ ва таъмири асосиро пардозанд. Қонунгузор оиди рад кардани маскун намудани шахсе, ки аъзои оилаи молик эътироф шудааст, пебини накардааст. Шумо метавонед танҳо бо маслиҳат ва агар имкониятатон бошад ба собиқ завҷаатон хона харидоӣ намоед агар гумон дошта бошед, ки маскун намудани ӯ вазъиятро дигаргун намесоза ва баръакс ҷангу ҷанҷол давом медиҳад.

Бо эҳтиром,

Хоҷиматова Нигина

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.