Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
3ХХХХ
14.12.2018
Салом! Ман муддати 3-сол шуд ки гирифтори бемории ВНМО мебошам, хонавода ва оиламон аз бемории ман огоҳ шуда бародари калониам бошад маро аз хона ронд, ки ту касали ВИЧ/СПИД асти, рав аз хона, холо бошад мувақатан ман дар дигар ҷо зиндаги карда истодаам чунки муддати 2-сол ман дар Русия коркардам хуҷаскаи хавлиги харидабуда ки бародара замини манро фурухта хонаи падариамро обод кард ,холо бошад манро меронад, ман чи кор кунам ки пули фурухтаи заминамро гирам ё ин ки дар хонаамон зиндаги кунам?
Салом!
Оиди он ки бародаратон Шуморо аз хона рондааст, Шумо ҳуқуқ доред ба суди ҷои истиқомататон бо аризаи даъвогӣ оиди маскун шудан ва аъзои оилаи молик эътироф кардан ариза пешниҳод кунед. Дар баробари аризаи даъвогӣ инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манзили истиқоатии соҳибмулкро замима намоед. Қитъаи наздиҳавлигие, ки Шумо мегуед ба номи, ки ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст? (қарори раиси ноҳия, сертификати истифодаи қитъаи замин ба номи ки аст)
Бо эҳтиром,
Хоҷиматова Нигина
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо