Салом!
1. Мутобиқи Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо, номгӯи ихтисос ва вазифаҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати шахсони ҳомили ВНМО ва мубталои БПНМ роҳ дода намешавад оварда шудаанд. Аз ҷумлаи онҳо: Кормандони тиббӣ: - ҷарроҳони амалиётгузарони ҳамаи ихтисосҳо, момодоягинекологҳо, мутахассисони хадамоти хунгузаронӣ ва дигар мутахассисони бевосита бо хун сарукордошта; - мутахассисони беморхонаҳо ва шӯъбаҳои сироятие, ки дар онҳо хатари ҳақиқии авҷи сироятҳои оппортунистӣ нисбати кормандони бо ВНМО сироятёфта вуҷуд дорад (сил, микоз ва ҳ.)
2. Тибқи талаботи моддаи 125 Кодекси ҷиноятии ҶТ Дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузоштани шахси дигар – бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. Бо вируси норасоии масунияти одам сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. Бо касалии зӯҳраӣ сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист, бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.
Бо эҳтиром,
Нигина Ҳоҷиматова