Салом!
Ҳар як кудак пеш аз боғча рафтанаш албатта аз назди духтур мегузарад ва ба ӯ ҳуҷҷати тиббӣ дар шакли 026 дода мешавад, ки дар он ҳама номгуи бемориҳое, ки кудак гузаронидааст ё гирифтори он мебошад қайд карда шудааст. Аллбатта ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҳангоми пайдо кардани маълумот оиди бемории ВНМО кудакро ба боғча қабул намекунанд, ки ин ғайри қонунӣ мебошад. Шумо ҳуқуқ доред оиди бемории кудакатон маълумот пешниҳод накунед, вале дар ҳамон ҳуҷҷати тиббӣ рақамгузорӣ ё ин, ки код қайд шудааст, ки онро танҳо духтур медонад. Ва ӯ ҳуқуқи паҳн намудани маълумот оиди бемрии каудакатон надорад.
Бо эҳтиром,
Хоҷиматова Нигина