Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
3ХХХХ
11.06.2018
Салом! Ман муддати 2-сол шуд ки дар Маскав муҳоҷир шуда кор мекунам, баъди баргаштанам аз Маскав ба ватан хонавода хостанд ки маро хонадор кунанд ва ман худ ки нағздида доштам ки муддати 3-сол мешавад ки мо бо як дигар суҳбат мекунем ва як дигарро ҳоло дуст медорем чуннки маълум аст ки пеш аз хонадор шудан духтару писар аз ҳама гуна ташхис бояд гузарад ҳангоми гузаштан аз ташхиси ВНМО дар ман маълум шуд ки гирифтори бемори ВНМО мебошам холас бовар накардам ба арусшавандаам нагуфтам ба хонаводаам нагуфтам боз аз сари нав супоридам ҷавоб ташхис маълум намуд ки ман гирифтори бемори ВНМО мебошам мехоҳам донам ки мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст ки акти никоҳ ё хонадор шудан дар сурате ки яке аз хонадор шавандагон гирифтори бемори ВНМО аст илтимос ба ман тезтар ҷавобашро гуед?
Салом!
Оиди бастани ақди никоҳ бо шахсоне, ки бо ВНМО гирифтор шудаанд, қонунгузорӣ ягон монеагӣ пешбинӣ накардааст. Албатта пеш аз бастани ақди никоҳ Шумо бояд аз муоиннаи ҳатмии тиббӣ гузаред. Пинҳон доштани гирифтор будани ВНМО аз тарафи Шумо ва дар оянда завҷаатонро сироят кардан бо ин вирус албатта ба ҷавобгарӣ оварда мерасонад. Беҳтараш ин масъаларо равшан созед ва агар завҷаатон қабул намояд ягон монеагӣ барои бастани ақди никоҳ нест.
Бо эҳтиром,
Нигина Ҳоҷиматова.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо