Салом!
Таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин вазифаи бевоситаи конститутсионии давлат ва аз ин рӯ тамоми мақомоти он ва кормандон мебошад. Кафолати риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро бевосита Конститутсияи давлат ва Президенти ҶТ баамал меброрад. Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар доираи салоҳияти он аз ҷониби ҳамаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамчунин мақомоти махсус оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандӣ вуҷуд доранд: полис, прокуратура, судҳо. Яке аз функсияи асосиро оиди ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар замони муосир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба амал мебарорад.
Бо эҳтиром,
Нигина Хоҷиматова