Салом!
Тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи судҳои ҶТ” низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ғарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд. Ҳокимияти судӣ дар ҶТ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд. Судҳои номбурда парвандаҳоеро баррасӣ менамоянд, ки доир ба салоҳияти онҳо мансубанд.
Бо эҳтиром,
Нигина Хоҷиматова