Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Салом! Кадом шартҳои қабули аризаи шаҳрвандон аз ҷониби суди кониститутсиони мавҷуданд?

Салом!

Тибқи талаботи м. 41 Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи суди Конститтсионии ҶТ” шахсони воқеӣ Суди конститутсионии ҶТ дар шакли хаттӣ дархост пениҳод мекунанд. Дар дархост бояд нишон дода шаванд: номи Суди конститутсионии ҶТ; насаб, ном, номи падар, суроғаи шахси муроҷиаткунанда ё ном ва суроғаи ташкилот ё мақоми муроҷиаткунанда; насаб, ном, номи падар, суроғаи намояндаи шахси муроҷиаткунанда ва ваколати ӯ; ном, суроғаи мақомоти давлатӣ ё насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори санади меъёрии ҳуқуқиро қабулкарда, ҷонибдорӣ карда ва ба имзорасонида, ки ба Конститутсияи ҶТ мувофиѕат доштани он мавриди баррасӣ қарор дода мешавад; ном, сана ва рақами қабул, манбаи интишор ва дигар маълумот оид ба санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳс қароргирифта; ҳолатҳо ва далелҳои мушаххас дар хусуси ба Конститутсияи ҶТ мувофиқат надоштани меъёрҳои мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки муроҷиаткунанда талаб ва далелҳои худро бо онҳо асоснок мекунад; вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои мушаххаси конститутсионии инсон ва шаҳрванд аз татбиѕи санади меъёрии ҳуқуқии ба андешаи муроҷиаткунанда ба Конститутсияи ҶТ мувофиқатнадошта; моҷияти талаби муроҷиаткунанда; номгӯи ҳуҷҷатҳои ба пешниҳод ё дархост замимашаванда.

Бо эҳтиром,

Нигина Хоҷиматова

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.