Салом!
Тибқи талаботи м. 40 Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи суди Конститтсионии ҶТ” шахсони воқеӣ дар хусуси ба Конститутсияи ҶТ мувофиѕат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии ҶТ ва Суди Олии иқтисодииҶТ, ки аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти судӣ нисбат ба онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ карда шудаанд ва ба андешаи онҳо боиси вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон гардидаанд, ҳуқуқ доранд ба суди конститутсионии ҶТ муроҷиат кунанд.
Бо эҳтиром,
Нигина Хоҷиматова