Салом!
Тибқи талаботи моддаи 163 қ 1 Кодекси Тандурустии ҶТ шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ҳуқуқи ройгон гирифтани ҳамаи намудҳои кумаки тахассусӣ ва махсуси тиббӣ, аз ҷумла кумаки доруворӣ дар ташкилотҳои давлатии тандурустӣ. Инчунин дар моддаи зерин дарҷ гардидааст, ки онҳо ҳуқуқи ҳимоя аз табъиз, аз ҷумла ҳангоми дастрасӣ ба табобатро доранд. Инчунин тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2008с таҳти №600 оиди Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони ҶТ дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, шахсони гирифтори ВНМО ҳуқуқи гирифтани ҳамаи хизматрасониҳои тиббиро доранд. Ҳангоми рад кардан ё ин ки талаб кардани маблағи иловагӣ барои хизматрасонии тиббӣ Шумо метавонед ба роҳбарияти муассисаи тандурустӣ ё ин ки ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё прокуратура шикоят пешниҳод намоед.
Бо эҳтиром,
Нигина Хоҷиматова