Салом!
Тибқи талаботи моддаи 125 Кодекси ҷиноятии ҶТ Дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузоштани шахси дигар– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. Бо вируси норасоии масунияти одам сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Бо эҳтиром,
Нигина Хоҷиматова