Салом!
Тибқи талаботи м. 107 Кодекси Тандурустии ҶТ, шахсоне, ки ба бемориҳои давомноки сироятӣ (дар ҳолати саволи шумо ин гепатити С, ки бемории сироятӣ аст), паразитарӣ гирифторанд ва ҳомилони доимии барангезандагони бемориҳои сироятианд ва барои атрофиён хатарноканд, дар асоси қарори сартабиби давлатии санитарӣ ва муовинони он (дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) муваққатан аз фаъолият барканор карда ва ё ба кори дигаре, ки ба атрофиён хатар надоранд, гузаронида мешаванд.
Бо эҳтиром,
Нигина Хоҷиматова