Салом!
Тибқи талаботи моддаи 247 Кодекси Ҷиноятии ҶТ - Қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулкии ҳайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоӣ то сесаду шасту панї нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. Тибқи талаботи моддаи 264 Кодекси Ҷиноятии ҶТ Ғайриқонунӣ гирифтани кредит аз ҷониби шаҳрванд, соҳибкори инфиродӣ ё роҳбари ташкилот гирифтани кредит, иловапулӣ (дотатсия) ё дигар шароити имтиёзноки кредитгузорӣ бо роҳи ба бонк ё дигар муассисаи кредити бараъло пешниҳод кардани маълумоти таҳрифшуда оид ба вазъи хоҷагидорӣ ё молиявии шаҳрванд, соҳибкории инфиродӣ ё ташкилот ё оид ба дигар ҳолатҳое, ки барои гирифтани кредит, иловапулӣ ё шароити имтиёзноки кредитгузорӣ заруранд бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то ҳафтсаду сӣнишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
Бо эҳтиром,
Нигина Ҳоҷиматова