Салом!
Ҳолатҳои зерин дар таҷриба бисёр во мехуранд, ҳангоме ки шахс маскун шудаасту ҳуҷраашро махкам мекунад. Гоҳе онҳо ин хонаро хабар мегиранду гоҳе не. Қонунгузор оиди ин ҳолат ягон иҷозат ё монеагӣ пешбинӣ накрдааст. Вале агар ҳолате ҷой дошта бошад, ки шахси маскуншуда ҳар боре ҷангу ҷанҷол мекунаду барои зиндагонии соҳибмулк дар хонааш монеагӣ мекунад, пас тибқи талаботи моддаи 70 банди 3 Кодекси Манзили ҶТ агар ѕоидаи зисту зиндагии умумиро мунтазам вайрон намуда, дар як квартира ё як бино ҳамроҳ зиндаги кардани дигаронро имконнопазир гардонанд ва агар тадбирҳои огоҳони ва таъсиррасонии ҷамъияти бенатиҷа бошад, пас шахси маскуншударо тариқи судӣ бе додани хонаи дигари истиқоматӣ кӯчонидан мумкин аст.
Бо эҳтиром,
Нигина Ҳоҷиматова