Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Оё табобати маҷбурии нашъамандон иҷозат дода шудааст?

Салом!

Тибқи талаботи моддаи 203 Кодекси тандурустии ҶТ табобати маҷбурии шахсони гирифтори бемориҳои наркологии зерин ҷой дорад: 1.Нисбат ба шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, инчунин шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудаанд ва ҳамзамон эҳтиёт ба табобати бемории тасдиқшудаи наркологӣ доранд ва аз табобати ихтиёрӣ дасткашӣ менамоянд, дар асоси қарори суд чораҳои маҷбурии хусусияти тиббӣ дошта, андешида мешаванд.

2. Табобати маїҷбурии шахс дар шуъбаҳои махсусгардонидашудаи ташкилотҳои тиббии тахассусӣ амалӣ карда мешавад. Табобати маҷбурии шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Бо эҳтиром,

Нигина Ҳоҷиматова

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.