Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Cалом! Оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун кабул карда шудааст оиди ҳуқуқи меҳнат ба шаҳсони ВНМО дар сохаҳои гуногун?

Салом!

Тибқи моддаи 35 Конститутсияи ҶТ ҳаркасҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбукор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳаддиақали музди меҳнат набояд камбошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳамагуна маҳдудият манъ аст. Тибқи талаботи моддаи 165 Кодекси тандурустии ҶТ озод кардан аз кор, нагирифтан ба кор, ба истиснои кор аз рӯи иҳтисос ва дар вазифаҳои муқаррар намудаи номгӯи маҳсус, инчунин маҳдуд намудани дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳсони сироятшудаи вируси норасоии масуниятиодам, ҳамчунин маҳдуд кардан аз ҳуқуқи манзил ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам роҳ дода 

намешавад.

Бо эҳтиром,

Нигина Ҳоҷиматова


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.