Салом!
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» Қонуни мазкур занҳое, ки 5 ва ё зиёда аз он кӯдак таввалуд карда, онҳоро то сини 8-солагӣ тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб доранд ва онҳоро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ доштан, пас аз расидан ба синни 53 ҳуқуқи ба нафақа баромаданро доранд. Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз ҳаҷми сармояи шартии нафақавӣ ва андӯхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии захиравии корманд аз ҳисоби саҳмҳои суғуртавии аз ҷониби корфармо ва бевосита худи шаҳрванд ҷамъ шудааст, вобаста мебошад. Дар ҳар сурат дар мавриди доштани собиқаи кории 240 моҳ андозаи нафақаи суғуртавӣ наметавонад аз 100 фоизи андозаи нафақаи заминавӣ, ки айни замон ба 105 сомонї баробар аст, кам бошад.
Бо эҳтиром,
Нигина Ҳоҷиматова