Салом!
Мувофики Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо, номгӯи ихтисос ва вазифаҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати шахсони ҳомили ВНМО ва мубталои БПНМ роҳ дода намешавад оварда шудаанд. Аз ҷумлаи онҳо: Кормандони тиббӣ:
- ҷарроҳони амалиётгузарони ҳамаи ихтисодҳо, момодоягинекологҳо, мутахассисони ҳадамоти хунгузаронӣ ва дигар мутахассисони бевосита бо хун сарукордошта;
- мутахассисони беморхонаҳо ва шӯъбаҳои сироятие, ки дар онҳо хатари ҳақиқии авҷи сироятҳои оппортунистӣ нисбати кормандони бо ВНМО сироятёфта вуҷуд дорад (сил, микоз ва ғ.)
Бо эҳтиром,
Нигина Ҳоҷиматова