Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Салом! Давлати дуняви чист ва чи маъно дорад?

Салом!

Яке аз хусусиятҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти моддаи якуми Конститутсия давлати дунявӣ эътироф ва муайян карда шудааст. Ин хислати давлат бо хусусияти ҷамъият, ки дар он таъсири дин хеле зиёдаст, вобаста мебошад. Мазмуни асосии хусусияти дунявӣ доштани давлат дар Конститутсия инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар қисми дуюми моддаи 8 Конститутсия ҶТ гуфта шудааст, ки ҳеҷ як мафкура аз ҷумла, мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад. Меъёри мазкур давоми мантиқии қисми якуми моддаи 8 буда, дар он тибқи равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ қарор гирифтан ҳаёти ҷамъиятӣ муқаррар шудааст. Дар қисми чоруми моддаи 8 Конститутсия ҶТ муайян шудааст, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Чунин хусусияти давлат бо моҳияти демократии он алоқаманд буда, ба манфиати тамоми мардум амал кардани ўро мефаҳмонад. Аммо ҷудо эълон кардани ташкилотҳои динӣ аз давлат, мазмуни инкори ҳамкории онҳоро надорад. Дар ҶТ нишонаҳои зерини давлати дунявиро тасниф кардан мумкин аст: манъи дахолати иттиҳодияҳои динӣ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ; баробарии маҷудияти ҳамаи динҳо; сарчашмаи ҳуқуқ эътироф нагардидани қоидаҳои динӣ; озодии виҷдон.

Бо эҳтиром,

Нигина Ҳоҷиматова

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.