Салом!
Тибқи моддаи 35 Конститутсияи ҶТ ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Агар шумо оиди маҳдудияти меҳнатии шахсони гирифтори ВНМО сухан ронда бошед, пас тибқи талаботи моддаи 165 Кодекси тандурустии ҶТ Ба озод кардан аз кор, нагирифтан ба кор, ба истиснои кор аз рӯи ихтисос ва дар вазифаҳои муқаррарнамудаи номгўи махсус, инчунин маҳдуд намудани дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам, ҳамчунин маҳдуд кардан аз ҳуқуқи манзил ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам роҳ дода намешавад.
Бо эҳтиром,
Нигина Ҳоҷиматова