Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

3 Салом! Мехоҳам фаҳмам ки ҷомеа ва давлат ин ба як дигар чи робита дорад?

Салом!

Оиди ин масъала дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ маълумотҳои хеле зиёд пешниҳод карда шудаанд ва соатҳо оиди ин мавзуъ сухан рондан мумкин аст. Давлат ва ҷомеа доимо дар робита мебошанд:1) давлат воситаи амалисозии иродаи сазовори ҷомеа ва тамоми халқ мебошад; 2) давлат фаъолияти худро дар шаклҳои ҳуқуқӣ амалӣ мекунад; 3) давлат бо ҷомеа, ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ ҳам бо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ алоқаманд аст;4) дар раванди ташаккул додани ҳокимияти давлатӣ, ба давлат як қатор уҳдадориҳо дар назди ҷомеа, сохторҳои гуногуни иҷтимоӣ, шахс ва шаҳрванд, ки дар Конститутсия дарҷ гардидааст, вогузор шудааст. Маълумоти пурраро оиди алоқамандии давлат бо ҷомеа дар сомонаи мазкур метавонед дарёфт намоед. http://www.redov.ru.

Бо эҳтиром,

Нигина Ҳоҷиматова


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.