Салом!
Тибқи моддаи 1 Конститутсияи ҶТ: Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Давлати иҷтимоӣ давлатест, ки сиёсаташ ба таъмини сатҳи шоистаи зиндагӣ ва рушди озодонаи инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои вай нигаронида шудаст. Сиёсати иҷтимоии давлат яке аз принсипҳои асосии давлати демократии замони ҳозира мебошад. Моҳияти давлати иҷтимоӣ дар муттаҳидшавии ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ, миллатҳо, арзишҳо ифода ёфта, аломатҳои асосии он таъмини қадру қимати инсон, адолат, масъулиятнокӣ, барҳам додани нобаробарии воқеӣ, ба эътидол омадани низоъҳои иҷтимоӣ ва ихтилофот дар ҷомеа мебошад. Дар давлати иҷтимоӣ ҳама гуна шаклҳои табъизи одамон аз рӯи аломатҳои мансубияти иҷтимоӣ манъ аст.
Бо эҳтиром,
Нигина Ҳоҷиматова