Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

3 Салом! Фарқияти байни меъёрҳои аҳлоқ ва меъёрхои қуқуқ аз чи иборат аст?

Салом!

Муносибатҳои байни одамон дар ҷомеа бо низоми меъёрҳои иҷтимоӣ ба танзим дароварда мешавад, ки асоситарини онҳо меъёрҳои ахлоқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Дар меъёрҳои ахлоқӣ тасаввурот дар бораи некию бадӣ, адолату эътибор, шарафу шафқат ифода ёфтаанд. Меъёрҳои ахлоқ маҳсули рушди таърихии инсоният мебошанд, онҳо дар рафти муборизаҳо бо бадӣ, барои барқарории некию инсондӯстдорӣ, бахту саодати одамон ташаккул ёфтаанд. Бо сурати умум мундариҷаи ахлоқ дар “Қоидаи тиллоӣ”, ки ҳанӯз дар Юнони қадим, Ҳиндустону Хитой маълум буд, ифода ёфтааст: “Нисбат ба дигарон тавре рафтор намо, ки нисбат ба ту низ чунин рафтор кунанд”.Меъёрҳои ҳуқуқ аз ҷониби давлат муқаррару тасдиқ мегарданд ва бо меъёрҳои ахлоқ алоқамандии зич доранд. Чунончи, масалан, панди бузургон “Ҳуқуқ санъати некию адолатнокист” алоқамандии таркибии ҳуқуқ ва ахлоқро бозгӯ мекунад, ки мувофиқи ин муқаррарот қонунҳо бояд боадолатона ва инсондӯстона бошанд.Меъёрҳои умумиинсонии ахлоқ арзишҳои маънавианд. Ҳуқуқҳои инсон бо арзишҳои ахлоқӣ алоқамандии зич доранд. Мафҳумҳои мазкур ё якдигарро пурра месозанд, ё дар ҳамбастагӣ аҳамияти умумиро моликанд. Вақте сухан дар бораи эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон меравад, дараҷаи инкишофи муносибатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа дар назар дошта мешавад, ки бо ҳуқуқҳои инсон бевосита алоқаманданд. Ҳуқуқҳои инсон низ арзише маҳсуб мешаванд, ки дигар категорияҳои ахлоқиро муттаҳид месозанд.

Бо эҳтиром,

Нигина Ҳоҷиматова

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.