Салом!
Барои таваҷҷуҳатон ба сомонаи мазкур миннатдории худро баён менамоем. Инсондӯстӣ ҷараёни афкори ҷамъиятиест, ки дар даврони Эҳё пайдо шуда, арзишмандии ҳар як шахсияти инсониро таҳким бахшидааст ва чунин арзишҳои ахлоқиеро муайян кардааст, ки ҳуқуқҳои инсонро таъмин ва ҳимоя мекунанд: шаъну эътибор, виҷдон, маънавият, озодӣ, баробарӣ, ҳамраъӣ. Инсондӯстдорӣ, волоияти мақоми иҷтимоии инсон ва ҳимояи манфиатҳои вай ба пайдошавии худи категорияи «ҳуқуқҳои инсон” оварда расондааст. Даст кашидан аз ғояҳои гуманизм, инсондӯстдорӣ ба футурравию пошхӯрии олами ба инсоният маълум ва ҳамаи арзишҳои умумиинсонии ба он такякунанда оварда мерасонад. Ҳамаи одамон озоданд. Озодӣ яке аз арзишҳои ахлоқии умумиинсонист, имконияти ба амал баровардани ҳамаи чораҳоест, ки ба каси дигар зарар нарасонад.
Бо эҳтиром,
Нигина Ҳоҷиматова