Салом!
Ба саволи Шумо оиди аъзои оилаи молик ҳисоб намудани собиқ келинатон. Тибқи талаботи моддаи 122 Кодекси Манзили ҶТ аъзои оилаи молик, ки дар бинои истиқоматиаш (квартирааш) ҷой дода шудаанд, ҳақ доранд баробари ӯ аз манзили истиқоматии бино, агар ҳангоми ҷойгир шудан тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, истифода баранд. Онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар хонаи барояшон ҷудонамудаи молик фарзандони ноболиғи худро ҷой диҳанд. Ҷойгир кардани дигар аъзоёни оилаи онҳо танҳо бо розигии молик имконпазир аст. Ин ашхос ҳуқуқи истифодаи хонаро дар мавриди қатъ гардидани муносибати оилавӣ бо молик низ нигоҳ дошта, вале ӯҳдадоранд хароҷоти нигоҳдошти бино (квартира), рӯи ҳавлӣ ва таъмири асосиро пардозанд. Яъне ин маънои онро надорад, ки шахси маскуншуда соҳибмулк эътироф мегардад ва ҳангоми тақсимоти манзил даъвои ҳаққашро аз бинои истиқоматии соҳибмулк талаб намояд. Оиди оне, ки собиқ келин даъво ба зиндагони намудан дар бинои истиқоматии дар шаҳр ҷойгиршуда дорад, қонунгузори пешбини накардааст. Шахс бояд фарқияти маскун шуданашро аз ҳуқуқи соҳибмулкӣ фарқ намояд ва ҳуқуқи талаби харидорӣ намудани бинои истиқоматиро аз шаҳр надорад. Ҳамчунин вобаста ба моликият гирифтани квартира ҳангоми вайрон намудани бино бо сабаби барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ гирифташудани қитъаи замин моддаи 118 и Кодекси зикргардида пешбинӣ менамояд, ки дар ҳолати баланд будани нархи хонаи истиқоматии вайроншуда аз нархи квартираи додашаванда, ба молик ҷубронпулии дахлдор пардохта мешавад. Андоза, тартиби муайян кардани маблағ ва пардохти арзиши биною (квартираҳо) иншоот ва иморатҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Ба ғайр аз ин ба молики бинои (квартираи истиқоматии вайроншаванда барои ҷудо карда гирифтани масолеҳи бинокори ҳангоми вайрон кардани бино (квартира), иморату иншоот бо арзиши қаблӣ, бо дарназардошти фарсудагии онҳо, ҳуқуқи афзалиятнок дода мешавад. Мувофиқи хоҳиши молик ба ивази хонаҳои истиқоматӣ ва иморатҳои вайроншаванда мумкин аст дар ҷои дигар хонаҳои истиқоматӣ ва иморату иншоот сохта шаванд. Дар чунин ҳолат маблағи арзиши хонаю иморат ва иншооти вайроншуда пардохта мешаванд. Аз ин модда бар меояд, ки ҷубронпулӣ танҳо ба соҳибмулк дода мешавад ва шахси маскуншуда даъвои ҷубронпулиро надорад. Оиди масоҳате, ки тибқи ҳалномаи судӣ ба ӯ ҷудо шудааст, агар соҳибмулк имконияти додани ҳамон масоҳатро барои зиндагонии шахси маскуншуда дар бинои истиқоматии нав дошта бошад, ҳамон масоҳатро пешниҳод мекунад. Вале ин маънои онро надорад, ки соҳибмулк уҳдадор аст, азбаски ҳалномаи судӣ шахсро дар суроғаи пешина ва бо дарназардошти масоҳати умумии бинои истиқоматӣ маскун кардаст. Тибқи талаботи моддаи 121 Кодекси Манзили ҶТ баҳсҳо дар бораи аъзои оилаи молик донистани шахс ба тартиби судӣ ҳал карда мешаванд. Собиқ келинатон метавонад ба суд муроҷиат намояд ва суд ӯ ва фарзандонашро дар бинои истиқоматии наве, ки шумо дар ҳудуди шаҳр ва ё берун аз он харидорӣ менамоед маскун созад.
Бо эҳтиром,
Ҳоҷиматова Нигина