Салом!
Ҳангоми дастгир шудан новобаста аз оне, ки шахс гирифтори ВНМО аст ё ин ки нашъаманд мебошад, ҳуқуқ ба ёрии ҳимоятгар (адвокат) дорад. Мутобиқи моддаи 49 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ ҳимоятгар барои иштирок дар парванда аз лаҳзаи дар ҳайси шахс баровардани қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ, инчунин аз лаҳзаи воқеи дастгир гардидани гумонбаршуда роҳ дода мешавад.
Бо эҳтиром,
Ҳоҷиматова Нигина