Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
Дона
08.02.2018
Ман дар давоми 7 сол афъюн истифода мебурдам.Аз соли 2014 дар табобати Метадон мебошам ва умуман афъюн истифода набурдаам.Дар деҳае ки ман зиндаги мекунам вазифаи раиси маҳаларо пеш бурда истодаам. Дируз маро корманди Агентии нашъадор даъват карда бо вазифаи кориам таҳдид карда аз ман талаб карда истодааст, ки ман бояд нафароне, ки дар деҳа мавод истифода мекунанд бояд ба онҳо супорам. Вагарна маро аз кор пеш мекунанд. Ман чи кор кунам?
Салом муштарии мӯҳтарам!
Барои таваҷҷуҳатон ба сомонаи мазкур миннатдории худро баён менамоем. Амали корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ғайриқонунӣ мебошад. Шумо ҳуқуқ доред ба прокуратураи ҷойи ҷойгиршавии агентӣ ё ин ки ҷойи истиқомати худ хаттӣ ё шифоҳӣ аз болои амали корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ шикоят кунед.
Бо эҳтиром,
Нигина Ҳоҷиматова
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо