Салом!
Мутобиқи банди 4 моддаи 16 7 Кодекси тандурустии ҶТ, барои кӯдакони то 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам(ВНМО) ва бемории пайдошудаи норасоии масуният(БПНМ) мебошанд, кумакпулии ҳармоҳа таъйин карда мешавад. Додани кӯмакпулӣ ба кӯдакони то 16сола, ки ВНМО/БПНМ гирифторанд, ҳатмӣ мебошад. Инчунин Шумо метавонед бо ариза оиди маҳрум шудан аз саробон ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷойи истиқомат муроҷиат намоед. Мақомоти зерин ӯҳдадор аст дар мӯҳлати 30 рӯза аз рӯзи бақайдгирӣ, аризаатонро дида барояд. Андозаи нафақаи зерин 156 сомониро ташкил медиҳад.
Бо эҳтиром,
Нигина Хоҷиматова