Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
Диля
29.09.2017
Салом. Ман бо шавхарам оила барпо намуда, дар манзили истиқоматии падари у зиндагонӣ мекардем. Ҳоло падари шавҳарам моро аз манзили истиқоматиашон пеш карда истодаанд ва намемонад ки амволхоямонро аз он чо гирем. У амволхоямонро истифода ва ихтиёрдорӣ намуда истодааст. Чи тавр ман метавонам амволҳоямро аз хонаи падари шавҳарам гирам?
Салом!
Шумо метавонед бо ариза дар бораи баргардонидани амвол аз бадастоварандаи ғайриқонунӣ ба суд муроҷиат намоед ва амволҳои шумо аз падари шавҳаратон ба шумо баргардонида мешаванд.
Бо эҳтиром,
Нигина Ҳоҷиматова
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо