Салом!
Одатан масъалаҳои баҳснок оиди маскун кардан бо роҳи судӣ ҳалли худро меёбад. Вале донистан зарур аст, ки бо кадом сабаб мард мехоҳад маскунро бекор намояд. Зане, ки тибқи қарори суд дар манзили маскун шудааст ва аъзои молик эътироф шудааст, вазифадор аст, ки аз манзили ҷудонамуда истифода барад (м121, м 122 КМҶТ). Дар мавриди стифода набурдани манзил зиёда аз 6 моҳ соҳибмулк метавонад ба суд бо аризаи даъвогӣ оиди аз ҳуқуқи истифодаи манзил маҳрум кардани зани маскуншуда муроҷиат намояд.
Бо эҳтиром,
Ҳоҷиматова Нигина.