Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Ассалому алейкум. Муҳтарам хуқуқшиносон собик зане, ки ( соҳиби як кудак) дар хонаи модари шавҳараш бо қарори суди ноҳияи Рудаки маскун шудаасту ва баъди муддати таҳминан се моҳи зисташ даъвои моликият, яъне даъво карда истодааст, ки ё замин ба ман харида диҳед ё ин, ки як қисми ҳавлиро бо кисми иншоотҳо ба номи ман гузаронед. Барои ин мақсадҳояш аз ҳар роҳу воситаҳо аз ҷумла ҷанҷолҳои сунъиро пеш гирифта алақай як маротиба собиқ модарарусашро ба маҳкама кашида чаримабанди кард ва дар оянда агар ду маротиба ҳамин хиллаҳояш амали гарданд модар арусашро,-соҳибмулкро аз озоди маҳрум карданаш мумкин аст ва ғасб кардани моликияти уро амали карданаш ба имконпазири наздик мешавад. Муҳтарам хуқуқшиносҳо, дар чунин ҳолат роҳи ҳалли ин казияро дар чи мебинед?

Салом!

Соҳибмулк вазифадор нест, ки ба шахси маскуншуда қисми хона ё замини наздиҳавлигиашро диҳад ва келин барои талаб кардани чунин чизҳо ҳуқуқ ҳам надорад. Агар соҳиб модарарусаш нисбати келинаш ҷиноят содир намояд, хамон маврид  ӯро суд  метавонад  аз озодӣ маҳрум намояд. Барои ҷанҷол ва лату куб бошад, қонунгузорӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешинӣ кардааст. Чунин масъалаҳои баҳснок ҳалли худро бо роҳи судӣ хоҳад ёфт.

Бо эҳтиром,

Ҳоҷиматова Нигина.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.