Салом!
Дар ин хусус диқати Шуморо ба моддаи 129-и Кодекси Ҷиноятии ҶТ, ҷалб карданием, ки он маҳс маъсуслияти кормандони тибро дар маъсалаҳои аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касби пешбини мекунад. Мувофиқи ин модда:
1. Иҷро накардан ё номатлуб ба ҷо овардани вазифаҳои касби аз ҷониби корманди тиб бинобар муносибати бепарвоёна ё беинсофона, ки аз сабаби чунин беэҳтиёти ба саломатии бемор зарари миёна расонида шудааст.
бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2. Ҳамин кирдор, агар он бинобар беэҳтиети боиси расонидани зарари вазнин ба саломати ё марги бемор ё мубталои сирояти инфекцияи ВИЧ гардидани бемор шуда бошад.
бо маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3. Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиети:
а) боиси марги одамон;
б) дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,
бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Бо эхтиром,
Хушбахт Давлаткадамов