Салом!
Оиди ин савол саравал бояд сабаби ба рухсати академики баромадани донишҷуй фаҳмидан лозим аст. Агар сабаби ба рухсати меҳнати баромадани донишҷуй вазъи саломатии вай бошад, мувофиқи моддаи 21-и, банди 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касби ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълим” аз 19 маи соли 2009 №531, ба донишуҷуи муассисаҳои таҳсилоти олии касби аз руи нишондоди тибби ва дар ҳолатҳои дигари истиснои бо тартиби муқарарнамудаи мақоми давлатии идораи маориф рухсатиии академи дода мешавад. Мувофиқи моддаи 20, банди “а” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории умумии ҳарби ва хизмати ҳарби” аз 29 ноябри соли 2000 №30, он нафарони ки бинобар саломати ғайриқобили хизмати ҳарби ё ба таври маҳдуд ба хизмати ҳарби қобил дониста шудаанд, аз ҳизмати ҳарби озод карда мешаванд.
Маънои моддаҳои зикршударо ба инобат гирифта ба иттилоии Шумо мерасонем, ки агар сабаби рухсати академикии Шумо ваъзи саломатии шумо бошад, Шумо метавонед, ки аз хизмати ҳарби озод бошед.
Бо эхтиром,
Хушбахт Давлаткадамов