Салом!
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо вируси норасии масунияти одам ва бемори пайдошудаи норасоии масуният” аз 28.12.2005 №150, дар муассисаҳои муолиҷавй ба рад кардани қабул ва расонидани кўмаки таъҷили ба шахсони мубталои ВНММ/БНММ роҳ дода намешавад. Яъне ки кормандони тиб уҳдадор астанд ки, ба шахсони ки бемор мебошанд ерии таъчилиро расонанд.
Ҳамзамон моддаи 129 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди амалиётҳои кормандони тиб маъсулияти зеринро пешбини кардаасст:
Иҷро накардан ё номатлуб ба ҷо овардани вазифаҳои касби аз ҷониби корманди тиб бинобар муносибати бепарвоёна ё беинсофона, ки аз сабаби чунин беэҳтиети ба саломатии бемор зарари миёна расонида шудааст.
Бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад
Бо эхтиром,
Хушбахт Давлаткадамов.