Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Шахсоне, ки ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният гирифтор шудаанд чӣ гуна ҳуқуқ доранд? Латофат

Салом!

Мувофиқи моддаи 12. Қонуни ҶТ “Дар бораи Шахсони сироятшудаи ВНМО ва мубталои БНММ дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

- муносибати инсондўстонаи ҷамъият, ки паст задани шаъну эътибори инсонро истисно менамояд;

- талаб  кардани  махфњ  нигоҳ доштани маълумотҳо дар бораи вазъи саломатии худ,  агар шароит ва хусусияти  ҳаёту меҳнати  онҳо  хатари сирояти  ин  вируси  норасоии  масунияти  одамро ба  дигарон ба вуҷуд  наоварад.  Додани иттилоот оид ба вазъи  саломатии шахсони  гирифтори чунин бемориҳо бе розигии онҳо танҳо бо ѕарори суд ё дархости мақомоти тафтишоти имкон дорад     

- ҷуброни зараре, ки бинобар фош кардани маълумот дар бораи ба он шахсон сироят кардани вируси норасоии масунияти одам расонида шудааст;

- фаъолияти касби аз рўи ихтисоси интихобкарда,  ба истиснои  кор аз  рўи  ихтисосҳо  ва  дар  вазифаҳое,  ки бо рўйхати махсус муқаррар шудаанд;

- ба   гирифтани  ҳамаи  намудҳои  кўмаки ройгони  тахассуси  ва махсусгардонидашудаи тибби, инчунин таъмини дорувори.

- ба ҳимоя аз табъиз (дискриминатсия),  аз ҷумла ҳангоми дастраси ба табобат);

- ба иштироки фаъолона дар муайян кардани мақсадҳои  табобат,  аз ҷумла ваѕт ва тарзи табобат ва хотима ёфтани он.

Бо эхтиром,

Хушбахт Давлаткадамов.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.