Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Волидоне, ки кӯдакашон гирифтори ВНМО ё БПНМ мебошад, чӣ ҳуқуқу имтиёз доранд? Фуркат

Салом!

Мувофиқи моддаи 16 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният” аз 28.12.2006 №150. 

Волидони кўдаконе,  ки мубталои ВНМО/БНММ мебошанд ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

- дар беморхонаҳо ҳамроҳи кўдакон (то 14-сола) бошанд ва онҳо дар ин давра аз  кор  озод  шуда,  ба  онҳо  барои корношоямии  муваққати  кўмакпули дода мешавад;

- дар  ҳолати  аз  кор  озод  кардани  яке аз  волидон   бинобар нигоҳубини  кўдаки  то  16-сола  нигоҳ  доштани собиқаи меҳнати барои пардохти кўмакпулии корношоямии муваққати ба шарте,  ки  то  ба  синни зикрёфта расидани кўдак ба кор дохил шуда бошад;

- рафту омади ройгони яке аз волидон ё  дигар намояндаи  қонунии кўдаки  то 18-сола ҳангоми ба ҷои табобат бурда овардани ў.  Модароне, ки кўдаки то  16-солаи  мубталои  ВНМО/БНММ доранд,  барои  гирифтани рухсатии  ҳарсола  дар  тобистон ё вақти дигари барояшон мувофиқ ҳуқуқ доранд.  Дар сурати набудани модар ва  чунин кўдакро  тарбия  кардани падар ё шахси дигар ин ҳуқуқ ба ҳамин шахсон дода мешавад.

Бо эхтиром,

Хушбахт Давлаткадамов.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.