Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Оё кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки ба пешгирӣ ва табобати гирифторони ВНМО ва БПНМ машғуланд аз ҳуқуқ ва имтиёзҳои иловагӣ бархурдоранд? Дамир

Салом!

Мувофиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо вируси норасии масунияти одам ва бемори пайдошудаи норасоии масуният”  кормандони. ки ба шахсони мубталои ВНМО\БПМН кумаки тиби (на фақат кумаки тибби) мерасонанд бояд аз ҳолатҳои  сирояти  ВНМО  ва  инчунин  маъюб гаштан ва фавтидани онҳо аз БНММ ҳангоми иҷрои вазифаи хизмати суғуртаи ҳатмии давлатй карда шаванд.Илова бар ин ин кормандон мувофиқи моддаи 21.,қонуни зикр гардида, ба имтиёзҳои зерин дар соҳаи меҳнат ҳуқуқ доранд:

- нафақа бо шартҳои имтиези

- ба иловапулии музди кор дар ҳаҷми 100-фоиз;

- ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш то 56 рўзи таквими;

- ба рўзи кори кўтоҳ(рўзи кори 6 соата).

Бо эхтиром,

Хушбахт Давлаткадамов.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.