Cалом!
Агар ман шуморо дуруст фаҳмида бошам, Шумо гирифтори гепатити музмини В дар марҳилаи фаъол мебошед. Айни замон табобати гепатити музмини В як мақсад дорад, яъне тавлидшавии вирусро дар хун маън намудан. Барои ин дорувориҳои гуногун мавҷуданд, ки ба ин мақсад расиданро имконпазир мегардонанд; энтекавир, интерферон, тенафовир ва дигарон. Табобат аз тарафи табибони гастроэнтеролог-гепатологҳо дар Пажуишгоҳи Гастроэнтерология гузаронида мешавад. Лекин маблағи дорувориҳоро ман намедонам.
Бо эҳтиром,
Турахон Шарипов